МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМИЕ, КИ БАРОИ ЧОП БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «ПАЁМИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН» ПЕШНИҲОД МЕГАРДАНД
Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд: а) мақолаи илмӣ бояд бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи маҷалла омода гардида бошад; б) мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бошад; в) мавзӯи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд. Ҳамаи маводи илмие, ки ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бо ёрии системаи Antiplagiat барои муайян намудани дараҷаи аслияти матн санҷида мешаванд. Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи дигар муаллифон бе иқтибосоварӣ истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ин гунна мақолаҳо ба чоп роҳ дода намешаванд. Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ: Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода гардида, бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1,5 мм бошад. Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 10 то 12 саҳифаро бояд дар бар гирад. Сохтори мақола бояд бо тартиби зерин таҳия гардад: – индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст); – номи мақола; – насаб ва дар шакли ихтисор ном ва номи падар (намуна: Шарипов Д.М.); –номи муассисае, ки дар он муаллифи мақола кору фаъолият менамояд; –матни асосии мақола; – рӯйхати адабиёти истифодашуда (на камтар аз 10 номгӯ ва на бештар аз 25 номгӯйи адабиёти илмӣ). Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд дар асоси талаботи ГОСТ 7.1-2003 ва ГОСТ 7.0.5-2008 таҳия гардад. – номи мақола, аннотатсия ва калидвожаҳо бояд бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таҳия гарданд. Аннотатсия дар ҳаҷми на камтар аз 25 сатр ва калидвожаҳо аз 7 то 10 номгӯ бояд таҳия карда шавад; – дар охири мақола бо ду забон (русӣ ва англисӣ) маълумот дар бораи муаллиф ва ё муаллифон бо тартиби зерин нишон дода шавад: насаб, ном ва номи падар (пурра), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошанд), номи муассисае, ки дар он муаллиф кору фаъолият менамояд, вазифаи ишѓолнамуда, телефон, e-mail, нишонии ҷойи кори муаллиф. Ҳангоми иқтибосоварӣ адабиёти истифодашуда ва саҳифаи мушаххаси он бояд дар қавси чаҳоркунҷа [ ] нишон дода шавад. Намуна: [4, с.25]. Яъне, адабиёти №4 ва саҳифаи 25. Нақшаҳо, схемаҳо, диаграммаҳо ва расмҳо бояд рақамгузорӣ карда шаванд. Инчунин онҳо бояд номи шарҳдиҳанда дошта бошанд.