МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН

Дар маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» мақолаҳои олимони соҳаи педагогика, устодони муассисаҳои олии касбӣ, мушовирон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва унвонҷӯёни ватанию хориҷӣ ба табъ расонида мешаванд. Ба хотири беҳбуди фаъолияти маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» зарур медонем, ки мақолаҳо ба шакли зерин ба идораи маҷалла пешниҳод карда шаванд: ҳатман бо хулосаи мухтасар (резюме) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, мақола дорои сарлавҳа бошанд, маълумоти мухтасар дар бораи муаллиф (ному насаб, унвони илмӣ, вазифа ва ҷойи кор), шарҳ – номгӯи мақола ва адабиёти истифодашуда ба шакли хаттӣ ва электронӣ (дар диск ё флешка) ва як нусха мақола ба таври чопи принтерӣ пешниҳод карда шавад. Маводи мақола ҳаматарафа санҷида шуда бошад. Мақола бояд ба шакли компютерии Times New RomanTj – 14 таҳия шавад. Андозаи коғаз: А – 4. Ҳошия: аз боло ва поён – 2, 5 см., тарафи чап – 3 см., рост – 1,5 см., андозаи ҳуруф – 14, фосилаи байни сатрҳо: 1,0. Мақолаҳо дар давоми сол қабул карда мешаванд. Ба мақола шарҳи мухтасари муҳтаво ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (ҳар кадом на камтар аз 15 сатр) бо вожаҳои калидӣ  (7-10 калима) илова карда мешавад.    Шарҳи мухтасари муҳтаво дар оғоз ва адабиёти истифодашуда дар охири мақола оварда мешавад. Ҳайати таҳририя ҳақ дорад мақоларо бо назардошти талаботи маҷалла қабул ва кӯтоҳ кунад ва ё рад намояд. Мақолаҳое, ки пештар дар дигар нашрияҳо ба табъ расидаанд, қабул карда намешаванд. Дастхатҳо барои тақриз арзёбӣ мешаванд ва муаллиф дар мавриди зарурат ба муҳтавои он ошно мегардад. Ба мақолаҳои унвонҷӯён ва ҳимоятгарони корҳои номзадӣ тавсияи роҳбаронашон зарур аст